Хабарҳо

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: НАҶОТИ БОЗ ЯК ДУХТАРИ НОБОЛИҒ АЗ ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: НАҶОТИ БОЗ ЯК ДУХТАРИ НОБОЛИҒ АЗ ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 7 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, кормандони милитсия ва сокинон як духтари ноболиғро, ки мехост худро аз қабати 9-уми бинои истиқоматӣ ба замин партофта, худкушӣ кунад, наҷот додаанд. Маркази матбуоти РВКД ш. Душанбе хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 7 октябр, тақрибан соати 14:00, ба мақомоти милитсияи пойтахт хабари фаврӣ ворид гардид, ки як духтари ноболиғ мехоҳад худро аз қабати 9-уми бинои истиқоматӣ ба поён партофта, худкушӣ кунад. Кормандони милитсия барои таҳқиқи ин хабар билофосила ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, тавонистаанд бо ёрии сокинони бино духтари ноболиғро наҷот диҳанд. “Тибқи санҷишҳои пешакӣ сабабгори ин ҳодиса нофаҳмиҳои оилавӣ будааст. Айни замон номбурда сиҳату саломат буда, пизишкону равоншиносон бо ҷавондухтар ёрии тиббию равонӣ расонида истодаанд”, хабар дод милитсияи Душанбе.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Дар 10 рӯзи охир ин алакай дуюмин ҳодисаи қасди худкушии духтарон бо чунин шева дар Душанбест, ки хушбахтона, ҳарду ҳолат пешгирӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button