Коррупсия

МАНСАБДОРЕ, КИ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН ТИР ХӮРДА БУД, ҲОЛО БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 апрели соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Искандар Шафеиён, як мансабдори баландпояи шаҳрдории Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи хеле бузурги 180 ҳазор сомонӣ (беш аз 16 ҳазор доллар) дар ивази ҷудо кардани қитъаҳои замин хабар дод. Исфандар Шафеиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, яке аз ду мансабдорест, ки моҳи январи соли 2022 дар ҷараёни муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон тир хӯрда буданд. Шафеиён он вақт беш аз 5 моҳро дар бемористонҳо барои табобат сарф карда, танҳо 1 июли соли 2022 тавонисб ба сари кор баргардад.

Худи Шафеиён ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт,  ҷиноятҳое, ки ин мансабдор ба содир кардани онҳо айбдор мешавад, соли 2021, ҳанӯз то тир хӯрдани ӯ дар марз бо Қирғизистон содир шудаанд.

Маркази матбуоти агентӣ мегӯяд: Зимни баррасии аризаи дастаҷамъонаи сокинони шаҳри Исфара муайян карда шуд, ки Шафеиён И.С. аз 01 марти соли 2021 инҷониб дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Чунончи, Шафеиён И.С. моҳи майи соли 2021 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд А.Б. ва якчанд сокинони шаҳри Исфара даромада, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз номбурдагон барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаҳои Сомониён ва Моҳпарии шаҳри Исфара барои сохтмони манзили истиқоматӣ маблағи 255 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар якчанд маврид ҷамъ 180 000 сомониро гирифт. Шафеиён И.С. баъди гирифтани маблағи зикршуда ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, онро тасарруф намуда ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд А.Б. ва дигарон зарари махсусан калони моддӣ расонид”.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Шафеиён И.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан зиёд оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Ба Искандар Шафеиён бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 105 ҳазору 200 сомонӣ то 157 ҳазору 480 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Ҷудо кардани қитъаҳои замин, ки ба ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин вогузор карда шудааст, дар Тоҷикистони аҳолиаш рӯзафзун ба яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст ва қариб ҳар моҳ дар бораи боздошти чандин мансабдори маҳаллӣ, асосан кормандони масъули ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин хабарҳо ба даст мерасанд.

https://www.facebook.com/photo.php?fbid=122140979570208239&set=a.122105905748208239&type=3&ref=embed_post

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button