ВидеоМУҲОҶИРОНҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ 135 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ДАР ЯК РЕЙД ДАР БОЗОРИ КРАСНОЯРСК (ВИДЕО)

Дар поёни ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як рейд дар бозори ноҳияи Ленини шаҳри Красноярск дар минтақаи Сибири Русия кормандони пулис 135 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боздошт кардаанд. Дар видеое, ки ҳамроҳ бо ин хабар пулиси Красноярск нашр кард, дида мешавад, ки дар байни боздоштшудагон зану духтарон ва ҳатто кӯдакон низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, бо муҳоҷирони дастгиршуда пиромуни худдорӣ аз қонуншиканиҳо суҳбат гузаронда, дастгиршудаҳоро дар мавриди даст доштан ё надоштанашон дар ҷиноятҳо тафтиш карда, ҳатто оби даҳонашонро ҳам барои ташхис гирифтаанд. Пеш аз гирифтани намунаҳои эпителий (оби даруни даҳон) кас бояд камаш 2 соат чизе нахӯрад ва ин ба маъноест, ки муҳоҷиронро чандин соат дар пулис дар боздошт нигоҳ доштаанд.

Ва аммо ин рейд дар ниҳоят мисли рақами бадвоҳимаи боздоштшудагон чандон “серҳосил” анҷом наёфтааст. Аз байни ин 135 муҳоҷири дастгиршуда ба 3 нафаре, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда будаанд, дастур додаанд, то дар комиссариати ҳарбӣ худро сабти ном кунад. Ба зидди 6 дастгиршуда барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират  8 протокли маъмурӣ тартиб додаанд ва акнун ба 3 муҳоҷир хатари таҳдид аз Русия таҳдид мекунад. Як муҳоҷири дигарро  бошад барои … вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин якбора 4 протокол кардаанд.

Рейдҳои зидди муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик, ва маҳдудиятҳои дигар дар роҳи сафар ба Русия, ба бавижа баъди ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки 145 кушта ба ҷо гузошт, афзоиш ёфтааст. Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. То имрӯз бо гумони мустақиман ё ғайримустақиман даст доштан дар ҳамлаи “Крокус”  дастикам 19 нафар дастгир шудаанд, ки мутаассифона, 17 нафараш аз Тоҷикистонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи 4 омили ҳамлаи Красногорск низ аз Тоҷикистон буданд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон алакай чанд маротиба пиромуни поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия ва марзҳои он кишвар изҳори нигаронӣ кард. Бино ба хабарҳо, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон ва беш аз ҳазор тоҷики дигар дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав дармондаанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон то поёни рӯзи 27 апрел танҳо дар фурудгоҳи Внуково 954 тоҷики дармондаро баршумурда буд.

Дар робита ба ин вазъи баде, ки шаҳрвандони тоҷик дар Русия қарор гирифтаанд, рӯзи 26 апрел сафири Русия дар Душанбе Семён Григоревро ба вазорати хориҷа эҳзор карданд. Рӯзи 29 апрел сафири Русияро дубора ба вазорати хориҷа даъват карда, ба дасташ нотаи эътирозии ҷониби Тоҷикистонро “бо изҳори нигаронии ҷиддӣ вобаста ба муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ки ба таври оммавӣ, ки дар Федератсияи Русия сурат мегирад”, супориданд.  Бино ба иттилои расмӣ, дар ёддошт таъкид шудааст, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button