ВидеоНомаҳо ба президентТаърихТОҶИКИСТОН

СӮИҚАСД БА ҶОНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ХУҶАНД КОРИ КӢ БУД? ХУРШЕДИ “ТАЙСОН”? БАРОДАРИ АБДУЛЛОҶОНОВ? Ё..? (ВИДЕО)

Аз сӯиқасд ба ҷони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд инак 27 сол гузашт. 30 апрели соли 1997 дар ҳамла ба президент дар майдони назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки бо истифода аз силоҳу граната ва маводи тарканда сурат гирифт, беш аз 50 нафар, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон, ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба нақли шоҳидон, ҳамла замоне сурат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар майдони назди театр бо мардуми ҷамъомада салому алейк мекард.  Аввал ба тарафи президент норинҷак (граната) партофтанд ва сипас муҳофизони президент ба тарафи издиҳоме, ки аз дохили он гранатаро ҳаво дода буданд, тирандозӣ карданд. Бештари захмиҳо аз ҳамин издиҳом буд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки танҳо аз пояш ҷароҳат бардошта буд, баъди ҳамагӣ ним соат, дар пайи муоинаи табибон ба толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баргашт ва дар пеши мардум суханронӣ кард.

Дар ташкили сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд чанд нафар, аз ҷумла Хуршед Абдушукуров, мулаққаб ба “Тайсон” ва Абдулҳафиз Абдуллоҷонов – устоди Донишгоҳи Хуҷанд ва бародари сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро гунаҳкор карданд. “Тайсон” ҳангоми боздошт дар назди хонааш дар ҷамоати Қистакӯз (ҳоло Хистеварз) дар канори Хуҷанд  худро бо норинҷак тарконду ба ҳалокат расид, вале бародари Абдуллоҷоновро  ҳамроҳ бо чанд узви дастаи “Тайсон” боздошт ва ба қатл маҳкум карданд.

Бародари “Тайсон” Ҷамшед Абдушукуров ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз сӯиқасд ба Эмомалӣ Раҳмон дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд, ки рӯзҳои 13 ва 14 апрели соли 1998 рух дод, кушта шуд ва бино ба як фарзия, сӯиқасд ба ҷони президентро интиқоми “Тайсон” барои марги бародараш медонистанд. Вале тафтишот ба хулосае расид, ки “Тайсон” бо Абдулҳафиз Абдуллоҷонов “шиносоӣ” дошт. Ин  далел ба тафтишот имкон дод, ки ба сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон ранги сиёсӣ бидиҳанд, чунки Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири собиқи Тоҷикистон ва сафири собиқи ин кишвар дар Русия, дар интихоботи президентии соли 1994 рақиби асосии Эмомалӣ Раҳмон буд ва иддао дошт, ки интихоботро ӯ бурдааст. Баъди онки мақомот Эмомалӣ Раҳмонро баранда эълон карданд, Абдуллоҷонов тарки кишвар кард ва инак, 30 сол боз дар хориҷ, аз ҷумла беш аз 20 соли охир дар Амрико ба сар мебарад.

Бо ҷурми даст доштан дар сӯиқасд ба президент чанд узви дастаи “Тайсон”, аз ҷумла Фирдавс Дӯстбобоев, нафаре, ки гранатаро ба тарафи Эмомалӣ Раҳмон ҳаво дода буд, ҳамчунин Ҷумъабой Ҷӯраев, Илҳом Додоҷонов, Бӯрӣ Акбаров, Юсуф Полвон ва Аюб Аброров низ дар баробари Абдулҳафиз Абдуллоҷонов ба қатл маҳкум шуданд. Ҳукми ҳамаи онҳо ҳанӯз то мораторий ба судуру иҷрои ҳукми қатлро имзо кардани Тоҷикистон ба иҷро расонда шуд. Даҳҳо нафари дигар, аз ҷумла раиси собиқи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Абдуҷалил Ҳомидов, бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд. Ҳомидов, ки соли 2002 дар маросими дафни модараш дастгир ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, дар маҳбас даргузашт.

Ёқуб Салимов, ки як муддат вазири корҳои дохилаву сипас сафири Тоҷикистон дар Туркия ва дар он  соли 1998 раиси гумрук буд ва президентро дар он сафар ҳамроҳӣ мекард, чандин бор дар номаҳояш аз зиндон навишта буд, ки Эмомалӣ Раҳмонро он рӯз аз марг  ӯ наҷот дод ва бо бадани худ президентро пӯшонда, чанд ҷароҳат ҳам бардошт.

Вале соли 2020 нашрияи “СССР” дар як матлаб навишт, ки ҷони Эмомалӣ Раҳмонро сармуҳофизаш Мурод Саидов наҷот дода буд, на Ёқуб Салимов.  Ҳамчунин журналист Нилуфари Азиз ҳамон соли 2020 дар як филми мустанад бо номи “Дурбини ҳақиқат” видеоҳои нодири сӯиқасди 30 апрели соли 1997 ба ҷони президентро нашр кард ва низ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро Мурод Саидов наҷот дода буд.

Чанд моҳ баъд аз сӯиқасди Хуҷанд – моҳи августи соли 1997 – Ёқуб Салимовро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев гунаҳкор карданд ва ӯ тарки Тоҷикистон кард. Ӯро соли 2004 аз Русия оварда, ба 15 соли зиндон маҳкум карданд. Ёқуб Салимов моҳи июни соли 2016 аз зиндон озод шуд ва ҳоло дар Душанбе дар як ҳолати нимаинзовоъ ба сар мебарад ва дигар дар бораи ҳаводиси пуршӯри солҳои 90 суҳбат намекунад.

Мурод Саидов дар ин муддат соҳиби унвони генералӣ шуда,солҳои зиёде боз роҳбарии Хадамоти муҳофизати президентро ба ӯҳда дорад ва яке аз шахсиятҳои пурнуфуз дар доираҳои ҳокими кунунии Тоҷикистон дониста мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button