Хабарҳо

БОЗДОШТИ МИЛИСАИ ҚАЛБАКӢ “САБЗОВ ДАЛЕР”

БОЗДОШТИ МИЛИСАИ ҚАЛБАКӢ “САБЗОВ ДАЛЕР”

Кормандони раёсати амнияти дохили ВКД Тоҷикистон як сокини ноҳияи Мӯъминободро барои қаллобӣ бо сӯиистифода аз номи мақомоти милитсия дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 5 октябри соли 2022 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки Боронов Худойдод Зуробович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод ба тан либоси униформаи корманди милитсияро пӯшида, бо роҳи сохтакорӣ барои худ шаҳодатномаи хидматии корманди ВКД ба номи лейтенанти калон Сабзов Далер Амировичро тайёр карда, худро ба корафтодагон корманди ВКД муаррифӣ мекард ва аз онҳо дар ивази ваъдаи “буд кардани корашон” пул меситонд.

ВКД гуфт, ин бори аввал нест, ки Боронов Худойдод барои чунин кирдораш дастгир мешавад. Дафъаи аввал ба ӯ муҳлат додаанд, ки зарари ба шаҳрвандон расондаашро ҷуброн кунад, вале Боронов аз тафтишот пинҳон шуда, ба амалҳои мардумфиребонааш давом додааст.

ВКД дар гузоришаш наворҳоеро ҳам нашр кард, ки чӣ гуна Боронов Худойдод либоси униформа дар тан дар сари чанбари фармони мошин нишаста, дар ҳавои кадом мусиқие китф ҷунбонда, мерақсад. Зоҳиран чанд соли наздик ӯ дар кунҷи зиндон хоҳад рақсид. Албатта, агар мисли дафъаи аввал боз як ҳомии бақуввате наёбаду аз ин об ҳам хушк набарояд…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button