Хабарҳо

Аҳмад Масъуд: Мардуми Афғонистон бо дасти холӣ алайҳи толибону терроризми ҷаҳонӣ меҷанганд

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ки афғонистониҳову ҷабҳа бо толибону терроризм бо дасти холӣ меҷанганд, аммо барои мубориза ба ҳимояти ҷаҳонӣ ниёз доранд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Мардуми Афғонистон омодаанд муқобили толибон биистанд ва барои озодӣ мубориза кунанд аммо ба ҳимоят ниёз доранд, гуфт Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Андин акспрес”.

Ба гуфта вай муҳимтарин чиз ҳимояти сиёсӣ ва тадорукот аст. Ӯ тавзеҳ дод, ки Ҷабҳаи муқовимати камбуди тахассус, нерӯи инсонӣ ва сарбоз надорад, аммо камбуди тадорукот дорад.

Аҳмад Масъуд, гуфтааст ҳеҷ давлате токунун аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят накарда аст ва ин Ҷабҳа бо ҳимояти мардумӣ дар баробари толибон мубориза мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button