Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Ҳушдори НАТО ба Русия дар бораи афзоиши неруҳои низомӣ дар марз бо Украина

Дабири кулли Созмони Паймони Атлатникаи Шимолӣ (НАТО) рӯзи душанбеи 15-уми ноябр дар бораи ҷобаҷо шудани нерӯҳои низомии Русия дар марзи он кишвар бо Украина ҳушдор дод. Йенс Столтенберг дар як нишасти хабарӣ бо вазири дифои Украина аз Маскав хост дар мавриди фаъолиятҳои низомиаш дар марз бо Украина шаффоф бошад ва аз афзоиши таниш худдорӣ кунад. Ҳузури густурдаи нерӯҳои низомии Русия дар марз бо Украина нигарониҳо аз имкони ҳамлаи нав ба ин кишварро афзоиш додааст. Русия дар соли 2014 бо ҳамла ба нимҷазираи Қрим, бахше аз хоки Украинаро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Ин амали Русия интиқодҳоеро ба миён овард ва кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳо ҷорӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button