Фарҳанг

Абдусалом Одиназода бо кушиши М Кабири зиндони шуд (Видео)

Ҳаракати Абдусалом Одиназода дар масири миллатсозӣНаворҳои ахири олими шинохта Абдусалом Одиназода дар шабакаҳои иҷтимоӣ касро водор ба андеша мекунад. Дарвоқеъ, агар ба шахсияти Одиназода бингарӣ эҳсоси омехта касро фаро мегирад. Дар муқоиса бо М.Садриддин ва М.Кабирӣ агар мунсифона рафтори Одиназодаро ба риштаи таҳлил бикашӣ мебинӣ, ки кирдору рафтори ӯ холисонатар аст. Аз ҳама муҳимаш ӯ то ҳол ба қатли касе даст назадааст. Мансуби ҳизбе нест, ки 3 дафъа мардумро ба ҷанг кашидааст. Манзур – ҲНИ аст.Мафҳумҳои санҷидашудаи Одиназода дар қомуси имрӯзаи сиёсат муҳим арзёбӣ мешаванд. Дуруст аст, ки каҷравиҳои мантиқӣ вобаста ба ифротияти мазҳабӣ дар суханонаш эҳсос мешавад, вале то ҷое ки дарк мешавад, ин ҳама инҳироф муваққатист ва тадриҷан ин олими соҳаи кимиё ба сарманзили миллат наздик аст ва барои мавҷудияти як муоширати нағз меандешад. Дар суханҳои ӯ ҳам худиву ва ҳам бегона якнавъ танқид мешаванд ва тамҷид меёбанд.Ӯ аз касе бут намесозад. Чунончи, бо раҳбари собиқаи ҲНИ наҳзатиҳо мекунанд. Ӯ медонад, ки шахси орӣ аз камбудиву гуноҳ дар ин дунёи дун мавҷуд нест. Ҳоло он, ки ҳама шоҳидони ҷанги шаҳрвандӣ зиндаанд ва дар бораи моликияту хонадориву дағдағаҳои сиёсии раҳбарони ҳозира ва пешини наҳзат маълумоти кофӣ мавчуд аст. Одиназода ақида дорад, ки ҳиҷрати ду дафъаинаи наҳзат бинобар кӯтаҳандешӣ ва набуди стратегияи фаъолият, аъзоёни наҳзатро, ки ҳоло дар пойгоҳҳои муҳоҷирон ҳастанд, дучори касалиҳои равонӣ кардааст. Бехобӣ, бемориҳои гуногуни рӯҳӣ, фарсоиши ҷисмӣ, депрессия, склероз ва эпилепсия, хоси ин наҳзатиҳо гаштааст. Ҳамин омил аст, ки дар навиштаҷоти худ ба асабоният ва ҳақорат рӯ оварда, дар нотавонии худ, ниҳодҳои давлатиро аз ҷумла дар масъалаи даъвати аскарон гунаҳкор мекунанд. Ба обрӯйишахсиятҳои муътабар иснод меоваранд. Таҳқир бахши сиёсати иттилоотии сомонаҳое, аз қабили «Ислоҳ.нет» ва «Паём.нет» гаштааст. Зеро онҳобеморанд. Бемор дар назди худ ва дигарон ҳисоботдеҳ нест.

Абдусалом Одиназодаро дар Австралия боздошт ва ба «тарғиби терроризм» айбдор кардаанд. Бино ба хабари расонаҳои Австралия, полиси федеролии ин кишвар Абдусалом Одиназода, донишманди 52-солаи тоҷикро рӯзи 22-юми декабр дар хонааш дастгир ва ба «тарғибу ташвиқи терроризм» гунаҳкор кардаанд.Додгоҳ рӯзи чаҳоршанбе қарор кард, ки Одиназода то 15-уми январи соли оянда дар боздошт мемонад. Вай ба нашри матолиби ифротгароёна дар Интернет гумонбар аст. Назари худи ӯ ва вакили мудофеаш феълан дастрас нест.Намояндагони пулиси Австралия мегӯянд, даҳ моҳ пеш таҳқиқро дар бораи Абдусалом Одиназода шуруъ карда буданд. Баъд аз он ки, ба гуфтаи онҳо, донишманди тоҷик дар Интернет видеои даъват ба хушунатро гузошт. Скотт Ли, намояндаи полиси Австралия, ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, муфаттишон барои ҷамъоварии далел дар мавриди боздошти Абдусалом Одиназода «садҳо соат»-и худро сарф карданд.

https://www.facebook.com/nurinahzatofficial/videos/2021396037990497
https://www.facebook.com/nurinahzatofficial/videos/358120575316864

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button