Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Даргири миёни толибон ва ДИИШ* дар шаҳри Қандаҳор

Толибон мегуянд, ки дар даргирӣ миёни нерӯҳои ин гурӯҳ ва нерӯҳои гурӯҳи ДИИШ* дар маркази шаҳри Қандаҳор се узви ДИИШ* ва ду ғайринизомӣ кушта шуд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Энамулло Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон дар Твиттер навишта аст, ки нерӯҳои ин гурӯҳ як паноҳгоҳи ДИИШ*-ро дар минтақаи шифохонаи Сидоли ҳавзаи чаҳоруми амниятии Қандаҳор ҳадаф қарор дода аст.Самангонӣ ҳамчунин навиштааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт паноҳгоҳи ДИИШ* тахриб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин амалиёт ба нерӯҳои толибон осеб нарасидааст.Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «Ал-Рӯз» навиштааст, ки нерӯҳои вижаи толибон ахиран ба 6 паноҳгоҳи ДИИШ амалиёт анҷом доданд. Вай аз қавли масъулони Идораи иттилоот ва фарҳанги Ҳирот гуфтааст, ки дар ин амалиёт чаҳор узви ДИИШ* кушта ва ҳашт нафари дигар боздошт шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button