Минтақа ва ҶаҳонХабарҳо

МУЛОҚОТИ ПУТИН БО ҶИНПИНГ ДАР КРЕМЛ: ОЁ ХИТОЙ РУСИЯРО БА ХАТМИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА ВОДОР МЕКУНАД?

МУЛОҚОТИ ПУТИН БО ҶИНПИНГ ДАР КРЕМЛ: ОЁ ХИТОЙ РУСИЯРО БА ХАТМИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА ВОДОР МЕКУНАД?

Сӣ Ҷинпинг, раиси Ҷумҳурии мардумии Чин (Хитой) рӯзи 20-уми марти соли 2023 барои аввалин бор пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина ва пас аз ҷадидан барои севумин бор раҳбари Чин интихоб шуданаш ба Русия сафар кард. Ин сафар дар ҳолест, ки 4 рӯз пеш Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (додгоҳи Гаага) ҳукми боздошти Путинро дар робита ба даст доштани ӯ ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украина содир кард.

Яке аз масъалаҳои калидие, ки дар ин сафар Сӣ Ҷинпинг бо Путин баҳс мекунанд, ҳамлаи Русия ба хоки Украина аст. Пештар расонаҳо навишта буданд, ки Путин пеш аз ҳуҷум ба Украина бо роҳбари Чин маслиҳат накардааст ва ҳатто ӯро дар ҷараён ҳам нагузоштааст. Бино ба хабарҳо, он замон ин рафтори Путин Сӣ Ҷинпингро нороҳат карда буд.

Дар дидори рӯзи 20 март, Путин бо ишора ба тарҳи сулҳе, ки Пекин пештар барои ҳалли ҷанг дар Украина ба тарафҳо пешниҳод кард, гуфт, ки «бо пешниҳоди ҷониби Чин дар робита барои ҳалли бӯҳрони Украина шинос ҳастам… ва барои баррасии он бо оқои Сӣ зимни ин сафар фурсати муносибе пайдо хоҳем кард».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button