МУҲОҶИРОН

БОЗДОШТИ САРКАРДАИ ЯК ДАСТАИ ҶИНОЯТӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

БОЗДОШТИ САРКАРДАИ ЯК ДАСТАИ ҶИНОЯТӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Комилҷон Қулбошев, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми ташкил ва роҳбарии банда ё дастаи ҷиноятӣ тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, алакай баъди чанд рӯзи эълони ҷустуҷӯяш дар ҷануби шаҳри Маскав, пойтахти Русия дар як ҳостел дар канори дарёи Маскав дастгир шудааст. Дар ин бора рӯзи 21 марти соли 2023 РЕН ТВ хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрияи Русия, ин зодаи вилояти Хатлон дар Тоҷикистон як дастаи ҷиноятиро ташкил ва раҳбарӣ мекард, вале моҳи марти соли 2023 ба Русия фирор кардааст.

«Комилҷон Қулбошев 1 март ба Русия омад. Тоҷикистон ба дунбол ӯро тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор дод «, – хабар додааст манбаи РЕН ТВ. Маълум шудааст, ки Комилҷон Қулбошев вақтҳои охир дар ҳостел дар соҳили Павелетская дар паҳлуи дарёи Маскав ба сар мебурдааст. Шоми 20 март кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин ҳостел омада, ӯро дастгир карданд.

Тафсилоти дигари парвандаи Қулбошев дастрас нест. Маълум нест, ки дастаи ҷинояти таҳти раҳбарии ӯ кай ва чӣ гуна ташкил шуда, аз чанд нафар иборат буд ва аъзои ин даста ва худи Қулбошев ба даст доштан дар чӣ амалҳои ҷиноятӣ айбдор мешаванд? Дар ҳоли ҳозир Қулбошев дар ҳабс қарор дорад ва бояд нисбат ба вай раванди истирдод ё экстрадитсия шурӯъ шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button