ТОҶИКИСТОН

ДАРГУЗАШТИ ГУЛСАРА РАҲМАТОВА, ХОҲАРИ ХУРДИИ ОВОЗХОНИ МАЪРУФ НУҚРА РАҲМАТОВА

ДАРГУЗАШТИ ГУЛСАРА РАҲМАТОВА, ХОҲАРИ ХУРДИИ ОВОЗХОНИ МАЪРУФ НУҚРА РАҲМАТОВА

Шаби 20 ба 21 марти соли 2023 Гулсара Раҳматова, ходими намоёни давлатӣ ва хоҳари хурдии овозхони машҳур Нуқра Раҳматова, дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар

гуруҳи фейсбукии “Ахбор” барои афкор” журналист Раҷаби Мирзо хабар дод. Гулсара Раҳматова дар ҳоле аз дунё рафт, ки тоза се моҳ пеш ба синни 70 расида буд. Ӯ аз хоҳараш Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова 10 сол хурд буд.

Гулсара Раҳматова 28 декабри соли 1952 дар деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1974 шуъбаи журналистикаи риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, он вақт ба номи Ленинро хатм кардааст. Cоли 1995 Гулсара Раҳматова муовини раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Гулсара Раҳматова соли 1998 сазовори унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» шуда, ҳамчунин “Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон” буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button