Хабарҳо

ТАҚДИМИ 32 ҲАЗОР ТАРҶУМАИ ТОҶИКИИ “ҚУРЪОН” ДАР ТОҶИКИСТОН

ТАҚДИМИ 32 ҲАЗОР ТАРҶУМАИ ТОҶИКИИ “ҚУРЪОН” ДАР ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи расмии Кумитаи дин ва танзими ҷашну анъанаҳои Тоҷикистон, рӯзи 16 марти соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки “дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 32000 нусха китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ба нашр расонида шуда, ба таври ройгон ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар тақдим гардид”.

Маҷалла ёдовар шудааст, ки дар гузашта низ дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нусха китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ нашр ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуда буд.

Дар Кумитаи дин ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” гуфтанд, ки ин 32 ҳазор нусха китоби “Қуръон” бо тарҷумаи тоҷикиаш дар 3 марҳала: дафъаи аввал 2 ҳазор нусха ва се дафъаи дигар даҳҳазорӣ нашр шуда, ба далели маҳдуд будани теъдодаш асосан ба масҷидҳо тақсим карда шуд, то ки тамоми намозгузорон аз мутолиаи тарҷумаи тоҷикии ин муқаддастарин китоби мусалмонон баҳра бурда тавонанд.

Дар Кумитаи дин гуфтанд, бо даст додани имконоти молӣ нашр ва тақсими теъдоди бештари китоби “Қуръон” бо тарҷумаи тоҷикиашро низ дар нақша доранд. Гуфта мешавад, як мушкили асосӣ камчин будани ба истилоҳ ”қоғази қуръонӣ”, як қоғази махсуси зардест, ки китоби “Қуръон” маъмулан дар ҳамин қоғаз чоп карда мешавад. Ин навъи қоғазро ба Тоҷикистон асосан аз Туркия меоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button