Ҷомеа

ГЕНЕРАЛ ШЕРАЛӢ МИРЗО ТАЛАБ КАРДААСТ, КИ БА “ОБЛАВА” НУҚТА ГУЗОРАНД

ГЕНЕРАЛ ШЕРАЛӢ МИРЗО ТАЛАБ КАРДААСТ, КИ БА “ОБЛАВА” НУҚТА ГУЗОРАНД

Рӯзи 15 марти соли 2023 дар як ҷаласа дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо иштироки комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ масъалаи омодагиҳо ба мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ баррасӣ шудааст. Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар ин ҷаласа аз масъулони комиссияҳои даъват, бахусус аз кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ хостори “пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват” шудааст. Ин “роҳҳои ғайриқонунӣ” дар Тоҷикистон бо номи “облава” ё “чӯҷабарак” маъруфанд.

Мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон расман аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад ва дар давоми он шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Бино ба гузориши полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар рафти ҷамъомад бо таҳлилу натиҷагирӣ аз даъватҳои соли қаблӣ таъкид шудааст, ки “дар радифи як қатор комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад”.

Полковник Маҳмадализода афзуд, “масоили вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, бо қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузории ҷамъомаду машғулиятҳои нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон низ яке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷамъомад ба ҳисоб мерафт”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button