Сиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОДГОҲҲО, ДОНИШГОҲИ ДАНҒАРА, “ТОҶИКСТАНДАРТ” ВА ЧАНД ИДОРАИ ДИГАР

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОДГОҲҲО, ДОНИШГОҲИ ДАНҒАРА, “ТОҶИКСТАНДАРТ” ВА ЧАНД ИДОРАИ ДИГАР

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 марти соли 2023 дар ҳайъати идораҳои давлатӣ як силсила тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла бо фармони президент, Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шуда, Мирзозода Парвиз Таваккал раиси суди иқтисодии вилояти Суғд таъин карда шуд. Ҳамчунин бо амри президент, Назарзода Зарина Нарзиқул муовини мудири Агентии омор таъйин гардида, бо қарорҳои ҳукумат, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ки то имрӯз муовини вазири маориф ва илм буд, аз ин вазифа озод ва билофила ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин карда шуд. Хайрзода дар ин мақом Шоҳиён Нуралӣ Наботро иваз кард. Шоҳиён “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара озод карда шудааст.

Ҳамин тавр, бо қарорҳои ҳукумат, Шерзода Ситора Ҷалол “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини мудири “Тоҷикстандарт” (Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ) озод карда шуда, ба ҷои Рустамзода Малоҳат Рустам муовини раҳбари ин идора таъйин гардидааст..

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button