Умумӣ

ДАР ЯК ҲАМЛА ДАР УКРАИНА 23 ЧЕЧЕН АЗ “АРТИШИ ҚОДИРОВ” КУШТА, 58 КАС ЗАХМӢ ШУДАНД

Раҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия Рамазон Қодиров рӯзи 28 октябри соли 2022 дар каналаш дар Телеграм тасдиқ кард, ки дар аввали ҳафтаи равон дар вилояти Херсони Украина дар натиҷаи як ҳамла бо тӯпҳо якбора 23 сарбози чечен кушта ва 58 нафари дигар захмӣ шудаанд.

«Бисёриҳо медонанд, ки дар аввали ҳафтаи ҷорӣ яке аз воҳидҳои чеченҳо мавриди тӯпборон қарор гирифт. Ин дар вилояти Херсон рӯй дод. Тамоми корҳои наҷотдиҳӣ ба анҷом расиданд ва рӯйхатти ниҳоии қурбониён таҳия шудааст. 23 нафар кушта шудаанд ва 58 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин шумор 4 нафар ҷароҳатҳои вазнин доранд, вале ба ҳаёти онҳо таҳдиде вуҷуд надорад «, — хабар додааст Рамазон Қодиров. Ин яке аз сангинтарин талафоти нирӯҳои ба ҷанги Украина фиристодашуда аз Чеченистон дониста мешавад.

Қодиров ба аҳли хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда, бори дигар исрор варзидааст, ки «чеченҳо дар ҷиҳод иштирок доранд ва ба зидди қувваҳои иблисӣ меҷанганд”.

Қодиров ваъда дод, ки ба хонаводаҳои кушташудагон кумакҳои лозим расонда мешавад ва наздикони кушташудагонро ҳатто барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мефиристанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button