Ҷомеа

ВО-АҶАБ! ИНРО ҲАМ ДИДЕМ! АЗ ЯК МАСҶИДИ ДУШАНБЕ ДУЧАРХАИ ИМОМ-ХАТИБРО ДУЗДИДААНД

Канали Парвиз ТВ, ки бо нашри видеоҳои доғ аз Тоҷикистон шуҳрат дорад, рӯзи 31 октябри соли 2022 бо нашри як видео хабар дод, ки рӯзи гузашта дар вақти намози шом як нафари ҳоло шахсияташ номаълум аз яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе дучархаи имоми ин масҷидро гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Парвиз ТВ нагуфтааст, ки ин ҳодиса мушаххасан дар кадом масҷиди пойтахти Тоҷикистон рӯй додааст, вале дар видеои нашршуда, ки тавассути яке аз видеокамераҳои назоратии дар масҷид насбшуда сабт шудааст, дида мешавад, ки як ҷавони дар сараш кӯлоҳи “бейсболка” ва дар танаш курткаи тирарангу ҷинси кабуд зоҳиран дар вақти намозхонии мардум вориди даҳлези масҷид шуда, бо чизе қуфли яке аз велосипедҳои дар даҳлез гузоштшударо мекушояд ва сипас велосипедро сари китф бардошта, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Масъулони ин масҷид тавассути Парвиз ТВ аз ин нафар хостаанд, ки дучархаро баргардонад. Ҳамчунин Парвиз ТВ аз тамошобинон хостааст, ки бетараф набошанд ва агар ҷавони дуздро дар навори нашршуда бишиносанд ваё ягон маълумоте дар бораи ин ҳодиса дошта бошанд, ҳатман бо рақамҳои 02 ба милитсия хабар диҳанд.

Ҳарчанд дуздӣ як ҷинояти роиҷ ба шумор меравад, вале мавридҳои дуздӣ аз масҷид дар Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меуфтанд. Аксари мардум дар Тоҷикистон масҷидро як макони муқаддас мешуморанд ва ҳар навъ амали бад дар масҷид, аз ҷумла дуздиро ҳамчун гуноҳи нобахшиданӣ маҳкум мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button