Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Тоҷикистон нархи тухму пиёз гарон, вале равғану биринҷ “арзон шудааст”

Нархи тухм, пиёз ва гӯшти гов дар баъзе аз бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст.

Арзёбии Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ дар 6 бозори кишвар маълум кардааст, ки нархи тухм дар муқоиса бо ҳафтаи пеш гаронтар шудааст.

Як қуттии тухм, ки дар бозорҳои кишвар аз 38 то 42 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло ба 48 сомонӣ расидааст.

Баъзе аз тоҷирон сабабро содироти тухм ба Узбекистон медонанд ва бархе ҳам бар инанд, ки болоравии нарх хусусияти мавсимӣ дорад.

Ҳамчунин муқоисаи нарх дар бозорҳо нишон додааст, ки арзиши арзиши гӯшт дар баъзе аз фурӯшгоҳҳо андак ва пиёз, ки ғизои тоҷиконро бе он тасаввур кардан сахт аст, то 20 дарсад боло рафтааст.

Дар айни замон, бино ба гузориши нави Барномаи озуқавории Созмони Милал, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳоро мушоҳида мекунад, арзиши маҳсулоте мисли биринҷ, лубӣ ва равған дар бозорҳои кишвар каме поин рафтааст.

Арзиши бензин ҳам то 5 дар сад арзон шуда будааст. Сабаби арзон шудани ин маҳсулот ба бовари коршиносони Созмони Милал афзоиши воридот аз хориҷи кишвар будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button