Хабарҳо

45 МОШИН КОРВОНИ КУМАКҲО БА АҲОЛИИ ЗАРАРДИДА АЗ НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

45 МОШИН КОРВОНИ КУМАКҲО БА АҲОЛИИ ЗАРАРДИДА АЗ НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН (13 АКС)

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд рӯзи 22 сентябри соли 2022 бо нашри 13 акс хабар дод, ки як корвони иборат аз 45 мошини пур аз кумакҳои моддӣ аз номи президенти Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардидаи вилояти Суғд аз пойтахт — шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ворид гардида, алакай ин корвон ба шаҳри Исфара расидааст. Дар ин аксҳо мошинҳои боркаш бо акси президент Эмомалӣ Раҳмон дар шишаҳои пешашон дида мешаванд, ки онҳоро дар роҳ мошини БДА ҳамроҳӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ин ёриҳои башардӯстона аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button