Хабарҳо

20 СОЛУ 24 РӮЗ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЭШОНҚУЛОВ БАРОИ ҶИНОЯТҲОЕ, КИ ДАР РУСИЯ КАРДААСТ

20 СОЛУ 24 РӮЗ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЭШОНҚУЛОВ БАРОИ ҶИНОЯТҲОЕ, КИ ДАР РУСИЯ КАРДААСТ

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҳукми худ аз 2 сентябри соли 2022 Эшонқулов Бобоназар Файзалиевичро бар асоси моддаҳои 104, қисми 2, бандҳои «з,и» ва 249, қисми 4 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куштор ва ғоратгарӣ гунаҳгор дониста, ба 20 солу 24 рӯзи маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Эшонқулов соли 2017 дар Русия ҳамроҳ бо як гуруҳи дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон даст ба куштор ва ғорати як хонавода дар вилояти Калуга зада, баъди он ба Тоҷикистон фирор мекунад. Ӯро дар Тоҷикистон аз … зиндон пайдо карданд. Маълум шуд, ки Эшонқулов баъди аз Русия баргаштанаш ба аъмоли ҷиноӣ идома дода, дар Тоҷикистон барои дуздӣ дастгир ва бар асоси моддаи 244 маҳкум ба 2 солу 6 моҳи зиндон шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button