Хабарҳо

ИЗҲОРОТИ РАСМИИ ДУШАНБЕ ДАР БОРАИ ТАЪҚИБИ ТОҶИКҲО ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

ИЗҲОРОТИ РАСМИИ ДУШАНБЕ ДАР БОРАИ ТАЪҚИБИ ТОҶИКҲО ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 22 сентябри соли 2022 дар як изҳороти вижа дар бораи дар рӯзҳои охир дар қаламрави Қирғизистон афзоиш ёфтани мавридҳои таъқибу табъизу тарсондани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон изҳори нигаронии амиқ кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки аз ҷумла рӯзи 14 сентябр мақомоти маҳаллии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон мағозаҳои тоҷикони сокини ин ноҳияро бастанд ва шаҳрвандони қирғизи аз манотиқи марзӣ кӯчондашударо ҳадафмандона дар хонаҳои тоҷикони сокини ноҳияи Қадамҷой ҷой мекарданд.

Рӯзи 18 сентябр кормандони КДАМ ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои аҳли оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон Неъматовҳоро бо мақсади депортатсияи маҷбурии минбаъдаи онҳо мусодира кардаанд.

18 сентябр афроди ношинос шишаҳои мошини шаҳрванди Тоҷикистон А.Ҳамдамовро дар шаҳри Бишкек шикаста, танаи мошинашро пур аз ранг кардаанд.

Ҳамчунин 18 сентябр хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Насибахон Давронбековаро, ки аслаш тоҷик аст, дар заминаи бадбинии миллӣ латтукӯб кардаанд…

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки Душанбе ин сиёсати таъқиби шаҳрвандонаш ва тоҷикони муқими Қирғизистонро натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман мешуморад ва аз мақомоти Қирғизистон талаб мекунад, то бароироҳ надодан ба чунин таъқиботи тоҷикҳо дар қаламраваш чораҳои оҷил бияндешад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button