Хабарҳо

УНВОНИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИРО БА ГУРЕЗ САФАР ДАР БИСТАРИ БЕМОРӢ СУПУРДАНД

УНВОНИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИРО БА ГУРЕЗ САФАР ДАР БИСТАРИ БЕМОРӢ СУПУРДАНД

Шоир ва нависандаи тоҷик Гурез Сафар низ сазовори унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон шуд. Азбаски Гурез Сафарчанд муддат боз дар бистари беморӣ қарор дорад, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода рӯзи 2 сентябр шахсан ба аёдати ӯ омада, ин ҷоизаро дар манзилаш ба ӯ супурдааст.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Эмомалӣ Насриддинзода зимни тақдими унвон гсаҳми эҷодкоронро дар рушду равнақи забон, фарҳанг ва тарбияи аҳли ҷомеа назаррас номида, дар арафаи солгарди истиқол бо унвону ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиёро нишони қадршиносии ҳукумат ва президент Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин табақаи ҷомеа қаламдод кардааст.

Рӯзи 25 август дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳтарам Ҳотам ва Ҷӯра Ҳошимӣ унвонҳои Шоири халқии Тоҷикистон ва ба Ато Ҳамдам унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро супурда буд.

Гурез Сафар 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони шоири шинохта Ашӯр Сафар ба дунё омада, соли 1983 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ Гурез Сафар муддати дар Донишгоҳи давлатӣ ва сипас ба ҳайси роҳбари бадеии Қасри маданияти шаҳри Кӯлоб ва муддате дар нашриёти «Маориф» ва маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” кор карда, солҳои зиёде дар нашриёти «Адиб хидмат кардааст.

Дар офаридани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ сабки хосе дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд ва ахлоқу аносири манфури ҷомеаро зери тозиёнаи малеҳи ҳаҷву мутояба қарор медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button