Хабарҳо

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАРОИ КУМАК БА 5000 НИЁЗМАНД ДАР ПОЙТАХТ МАБЛАҒ ҶУДО КАРДААСТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАРОИ КУМАК БА 5000 НИЁЗМАНД ДАР ПОЙТАХТ МАБЛАҒ ҶУДО КАРДААСТ

Хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 3 сентябри соли 2022 хабар дод, ки дар арафаи солгарди истиқлоли Тоҷикистон шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ қарори вижае дар бораи ҷудо намудани маблағ барои кумак ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ ба имзо расондааст.

Гуфта мешавад, ки бар асоси ин қарор дар маҷмуъ ба 5 ҳазор нафар, аз ҷумла ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин кормандони муассисаҳои роҳсозии шаҳри Душанбе, кумакҳои пулию моддӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, дар асоси ин қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиклоли давлатӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button