Хабарҳо

2 АКС АЗ ҶОИ САДАМА: РОНАНДАИ ТАКСИРО ХОБ БУРДААСТ…

2 АКС АЗ ҶОИ САДАМА: РОНАНДАИ ТАКСИРО ХОБ БУРДААСТ…

Маркази матбуоти РВКД Душанбе бо нашри 2 акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки субши барвақти 2-юми сентябри соли 2022, тақрибан соати 05:30, ронандаи мошини тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 27 86 ТТ 05, Маҳмудҷонов Умед Маҳмудҷонович, ки дар ширкати «Сафар Ориён» ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекунад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур аз сабаби хоб бурдани ронанда рух дода, автомашина чаппа шудааст, вале хушбахтона, худи ронанда сиҳату саломат буда, танҳо мошин зарари техникӣ дидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button