Хабарҳо

РУСИЯ ГУВОҲНОМАИ ТОҶИКИИ ВАКСИНАГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУСРО ЭЪТИРОФ МЕКУНАД

РУСИЯ ГУВОҲНОМАИ ТОҶИКИИ ВАКСИНАГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУСРО ЭЪТИРОФ МЕКУНАД

Сарвазири Русия Михаил Мишустин амр додааст, ки бо Тоҷикистон дар мавриди эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия аз коронавирус созишнома имзо кунанд. Матни ин қарори сарвазири Русия рӯзи 3 сентябри соли 2022 дар сомонаи маълумоти ҳуқуқии ҳукумати Русия нашр шуд. Дар қарор гуфта мешавад: «Пешниҳоди вазорати тандурустии Русия дар бораи табодули нотаҳо байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия ба зидди бемории сироятии коронавирус (COVID-19), ки бо вазорати хориҷа ва дигар ниҳодҳои федералӣ мувофиқа карда шуда, пешакӣ бо ҷониби Тоҷикистон низ ҳамоҳанг карда шудааст, пазируфта шавад”.

Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, Мишустин дар ин робита матни нотаи ҷониби Русияро қабул карда, ба вазорати хориҷа фармудааст, то аз номи ҳукумат бо ҷониби Тоҷикистон табодули нота кунад.

Тибқи нотаи ҷониби Русия, ду кишвар уҳдадор мешаванд, то нисбат ба онҳое, ки гувоҳномаи ваксинатсия ба зидди коронавирусро доранд, ҳамчунин ба афроди то синни 18, ки чунин гувоҳнома надоранд, маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии коронавирусро ҷорӣ накунанд. Тибқи ин санад, гувоҳномаҳо дар баробари маълумот дар бораи соҳиби он бояд ҳамчунин QR-код бо маълумот дар бораи ваксинаҳои гирифтаи ӯро ҳам дошта бошад.

Аммо дар ин санад ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳар як аз ин ду кишвар ҳақ дорад, ки ин созишномаро дар вақти дилхоҳ қатъ кунад.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Эътирофи гувоҳномаҳои ваксинатсия аз Тоҷикистон метавонад барои онҳо каме сабукӣ биорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button