Хабарҳо

НАЗДИКОНИ АЗИЗУЛЛО: БОВАР ДОРЕМ, КИ Ӯ ЗИНДА АСТ ВА РӮЗЕ ЁФТ ХОҲАД ШУД

Наздикон ва дӯстони Азизулло Зоидбоев, зодаи ҷамоати Ворух, писари сартабиби осоишгоҳи “Зумрад” Зуҳурулло Зоидбоев, ки баъди садамаи пурқурбонии шоми 31 август дар роҳи Хуҷанд – Душанбе дар мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ нопадид шудааст, бовар доранд, ки ӯ зинда аст ва аз ҳамаи мардум хоҳиш доранд, ки барои зинда пайдо кардани ин ҷавони донишҷӯ дуо кунанд.

Яке аз дӯстони Азизулло ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” гуфт, Азизулло ба далели оғози соли таҳсил ба Душанбе раҳсипор буд, вале аз қазо мошинашон ба ҷарии чукуриаш тақрибан 40-50 метр сарозер шуда, сипас ба дарё рафт.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, ки ронанда ва як мусофири он мошини “Мерседес”, ки дар он садама зинда монданд, хабар додаанд, ки Азизулло тавонистааст ҳанӯз то ба дарё афтодани мошин худро ба берун ҳаво диҳад. Ин дӯстону наздикони Азизуллоро умедвор кардааст, ки ӯ зинда аст ва ҳатман ёфт хоҳад шуд.

“Аз мардум фақат як илтиҷову илтимос дорем: Дуо кунанд, ки Азизуллоро зинда биёбем”, хоҳиш карданд онҳо.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button