Хабарҳо

БОЗДОШТИ ЯК ДУЗДИ ГУЗАРО ДАР БОЗОРИ “СОМОНӢ”-И ШАҲРИ БӮСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як дузди гузаро дар бозори “Сомонӣ”-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд хабар дод.

Бино ба иттилои милитсия, ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Истаравшан муроҷиат намудааст, ки 8-уми августи соли 2022, тахминан соати 13:10, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар мағозааш, воқеъ дар бозори “Сомонӣ”-и шаҳри мазкур аз дохили ҷузвдони ӯ 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Ба ӯ барои дуздӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 244 ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё ҳудуди 6 доллари амрикоист) ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button