Хабарҳо

ГУЗАРГОҲИ ҶАРТЕППА ДАР МАРЗИ ӮЗБЕКИСТОН БО ТОҶИКИСТОН 11 РӮЗ БАСТА МЕШАВАД

Гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Ӯзбекистон, ки бо Саразми Панҷакент ҳаммарз мебошад, аз муваққатан баста шуданаш хабар додааст. Гуфта мешавад, маҳдудият дар ин гузаргоҳи марзӣ аз 5-уми сентябр оғоз гардида, беш аз 10 шабонарӯз, то 16 сентябр идома меёбад.

Ин дар ҳолест, ки даҳҳо нафар сокинони шаҳри Панҷакент тавассути шаҳри Самарқанди ҷумҳури ҳамсоя ба Федератсияи Русия билет гирифтаанду бино ба гуфтаи мусофирон дар ин рӯзҳо бояд ба сафар бароянд.

Шаҳри Самарқанд имсол мизбони нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (SCO, ШОС) мебошад. Ин нишаст рӯзҳои 15-16 сентябр доир мешавад. Ба далели нишасти Шанхай мақомоти Ӯзбекистон ҳатто фурудгоҳи Самарқандро барои се рӯз мебанданд. Қарор аст, дар нишасти Самарқанд Эрон билохира ба узвияти Созмони Шанхай пазируфта шавад. Дар ҳошияи нишасти Самарқанд, интизор меравад, ки президентҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мулоқоти алоҳидае низ баргузор кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button