Хабарҳо

БОЗ ЯК МОШИН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА ҶАРӢ РАФТ. РОНАНДА ДАР ҶОИ САДАМА ҶОН ДОДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар шимоли ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, шаби 1 сентябри соли 2022, соати 00:20 ба онҳо дар бораи садама дар ҳудуди ҷамоати ба номи Бобоҷон Ғафуров хабар расидааст.

Наҷотбахшони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки ронандаи мошини тамғаи “Opel Astra G”, сокини 43-солаи ҷамоати Б.Ғафуро ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи мошинашро набаромадааст ва мошин ба ҷарии чуқуриаш 15-20 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда дар ҷои садама ҷон додааст.

Наҷотбахшон ба воситаи таҷҳизоти алпинистӣ ба ҷарӣ фаромада, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади мошинро аз даруни мошини пачақшуда бароварданд ва ба мақомот супурданд.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз ронандагон хост, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръатро риоя кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки шоми 31 августи соли 2022, тақрибан соати 20:05, бар асари ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудани як мошини “Мерседес” дар километри 121-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар паҳлуи пули чорроҳаи деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ 3 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button