Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҷалби бонувони кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз сӯйи Арабистони Саудӣ ва АМА

Ҳадафи сафари соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистону пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкорӣ будааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб ният доранд, дар муддати 6 моҳи оянда бонувони тоҷирро аз ҳавзаи кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва соҳибкорони тоҷикистонӣ ҷалб намоянд, гуфт намояндагони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ Марям Ашшиносӣ дар мулоқот бо Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон.

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.

Марям Ашшиносӣ инчунин илова кард, ки сафарҳои омӯзишиву равобити устувори тиҷоратиро ни мехоҳанд ба роҳ монанд.

Роҳбари ҳайати намояндагони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ҳадафи сафари соҳибкорони арабро пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкорӣ арзёбӣ кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button