Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Падар писари хурдсолашро пахш кард: Ҳалокати кӯдаки се сола дар як садама

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳалокати писари се соларо, ки бар асари як садамаи ба ҳалокат расидааст, таҳқиқи доранд

Дар ноҳияи А.Ҷомӣ як садамаи мудҳише рух додааст. Падар писари хурдсолашро бо мошинаш ҳангоми ҳаракат ба самти қафо пахш намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-4502”, Бердиев Ашуралӣ, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, бо мақсади ба хонаи истиқоматиашон даровардани мошинаш ҳангоми ҳаракат ба қисмати қафо аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, писари хурдсолаш Бердизода Мусулмон Ашуралӣ, соли таваллудаш 2019-ро пахш намудааст.

ВУД бо таасуф хабар додааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин ВУД Тоҷикистон дар бораи як садамаи маргбори дигар хабар додааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button