ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нозире, ки ноиби вазир шуд: Генерал Насимзода кист?

Генерали навтаъйин ба мақоми муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон корашро аз нозири хадамоти роҳбонии мақомоти бозрасии автомобилӣ оғоз кардаст

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳолномаи генерал Насимзода Акбар Ғиёсро, ки ахиран ба мақоми муовини вазир дар ин ниҳод таъйин шуд, нашр кардааст.

Бар асоси ҳолнома, Насимзода, 60 сол дошта, аз соли 1985 дар мақомоти умури дохилӣ кор мекунад.

Таъкид шудааст, ки ӯ фаъолияти корияшро аз вазифаи нозири хадамоти роҳбонии шуъбаи бозрасии автомобилӣ дар Душанбе оғоз карда, баъдан ба ҳайси сардори БДА дар ноҳияи Ҷайҳун, бозраси калони давлатии автомобилӣ ва баъдан сардори БДА дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ фаъолият доштаст.

Дар пайи кор дар бархе аз мақомҳо дар вилояти Хатлон, аз ҷумла сардори идораи вилоятии бозрасии автомобилӣ, ба кор дар пойтахт гузаштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button