ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тоҷикистон расман чанд бекор дорад?

Тайи нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 75 ҳазор нафар ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то ҷои кор пайдо намоянд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Расман 32,4 ҳазор нафар дар 6 моҳи аввали соли равон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, хабар дод Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Амонзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба мақомоти шуғли аҳолӣ 75 ҳазор нафар барои пайдо намудани ҷои кор муроҷиат намуданд.

Аз ин 54,3 ҳазор ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуда, 32,4 ҳазор расман мақоми бекорӣ гирифтанд, илова намуд вазир.

Дар ҳамин ҳол муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамоно аз манобеи аслии таъмини тоҷикистониён ба кор ба шумор меравад. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button