ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ғарқшавии 5 ноболиғи тоҷик дар 1 рӯз ва муроҷиати мақомот ба мардум

Мақомоти изтирории Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши ғарқшавии одамон дар ҷумҳурӣ, махсусан ноболиғон аз шаҳрвандон хостаанд, кӯдаконро беназорат нагузоранд

ДУШАНБЕ, 27 июл —  Панҷ ноболиғ тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ғарқ шудаанд, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои КҲФ, ҳодисаҳои фоҷеабор дар навоҳии Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиёни вилояти Хатлон ва дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд.

Ғарқшудагон ноболиғони соли таваллудашон 2004, 2006 ва 2011 мебошанд, ҷасади чаҳор тани онҳо ба наздиконашон супурда шуда, ҷустуҷӯйи ҷасади ноболиғи 16-сола аз ноҳияи Данғара идома дорад.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ҳамаи ғарқшудаҳо барои ҷойҳое оббозӣ кардаанд, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button