Хабарҳо

ПАДАРУ МОДАРИ ТОҶИК БАЪДИ 5 СОЛ ФАРЗАНДИ ХУДРО АЗ ЯК ОИЛАИ БУРЯТҲО ПАС ГИРИФТАНД

ПАДАРУ МОДАРИ ТОҶИК БАЪДИ 5 СОЛ ФАРЗАНДИ ХУДРО АЗ ЯК ОИЛАИ БУРЯТҲО ПАС ГИРИФТАНД

Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия ахиран қарори фарзандхонии Ғайбуллоева Мария Азизовна, соли таваллудаш 2017-ро бекор кард ва Машаро аз оилаи Бухашеевҳо гирифта, ба модари биологиаш шаҳрванди Тоҷикистон Аноргул Ғайбуллоева баргардонд. Аноргул ва шавҳараш Азиз Асадов чанд сол боз талош доштанд, ки фарзандашонро аз он оилаи бурятҳо пас гирифта, ба Тоҷикистон баранд.

Вале Михаил Бухашеев, падархонди Маша мегӯяд, оилаи онҳо, ки аз бефарзандӣ ин тифли тоҷикро ба фарзандӣ гирифта буд, бо ин қарори додгоҳ розӣ нест ва бо ҷалби ҷомиа талош хоҳад кард, то Машаро ба онҳо бозпас бидиҳанд.

Аноргул Ғайбуллоева Машаро рӯзи 3 октябри соли 2017 дар яке аз таваллудхонаҳои Иркутск ба дунё овард, вале ба сабаби номаълуме, кӯдакашро он вақт аз таваллудхона нагирифт. Аммо Аноргул санади даст кашидан аз ҳаққи модариро низ имзо накардааст.

Дар бораи тақдири Маша баъди ба модари хуниаш супурдани ӯ маълумоти дақиқе дар даст нест. Вале Михаил Бухашеев гуфтааст, ки Маша ҳамроҳи Аноргул алакай дар Новосибирск буда, мунтазири парвоз ба Тоҷикистонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button