Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Занозании муҳоҷирон дар Маскав

Расонаҳои Русия хабар доданд, ки дар наздикии метрои Некрасови шаҳри Маскав муҳоҷирон занозанӣ карданд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, дидан мумкин аст, ду гурӯҳ бо ҳам муштзанӣ доранд. Ҳамчунон шунида мешавад, ки гурӯҳе ба забони тоҷикӣ ва гурӯҳи дигар ба забони русӣ фарёд мекашанд.

Сабаби муноқиша ва кӣ будани онҳое, ки дар занозанӣ иштирок доранд, маълум нест.

Мақомот гуфтаанд, аз рух додани чунин ҳодиса ба онҳо касе хабар надодааст ва дар бораи он намедонанд.

Русия муҷозоти муҳоҷиронро барои иштирок ва ҳамроҳӣ дар занозаниҳои дастҷамъӣ сахттар кард.

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон ва як зодаи Чеченистонро барои ташкили занозании гурӯҳӣ зиндонӣ кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button