Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон рафт

Ҳамкорӣ дар таҳкими амният ва иқтисод аз мавзуъҳои аслии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ата, маркази вилояти Исиқкӯл арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафт.

Дар ин бора давтари матбуотии раисҷумҳури кишвар хабар дода гуфтааст, ки дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки дидори сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз 21 июл дар маркази вилояти Исиқкӯл баргузор мешавад.

Дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари Қирғизистон — Содир Ҷабборов, Қазоқистон — Қосим Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон — Сардор Бердимуҳаммадов ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок мекунанд.

Қаблан сомонаи президенти Қирғизистон аз қавли Муратбек Азимбоқиев, мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти ин кишвар гуфта буд, ки роҳбарони давлатҳо дар мавриди таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари хатару чолишҳои минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард.

Вай афзудааст, ки президентҳо ҳамчунин дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ барои рушди устувори иқтисодии минтақаро баррасӣ мекунанд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар бахши фарҳангию гуманитарӣ аз мавзуъҳои дигари меҳварии мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.

Таъкид шудааст, ки дар доираи мулоқоти машваратӣ имзои асноде дар назар аст, ки ба таҳкими ҳамсоядории нек ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа равона шудаанд.

Инчунин мулоқоти дуҷонибаи Содир Ҷабборов бо бархе аз роҳбарони минтақаӣ дар назар аст.

Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button