ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Дарвоз ҷасади ду наврасро меҷӯянд

Аъзои як оила дар ноҳияи Дарвоз даҳ рӯз боз ҷасади ду фарзанди 8 ва 10-солаи худро ҷустуҷӯ доранд.

Бародарон — Билол ва Муҳаммадҷон Рӯзиевҳо — рӯзи 10-уми июли имсол дар дарёи Панҷ, дар ҳудуди Қалъаихумб, ғарқ шудаанд. Ҷустуҷӯҳо барои ёфтани ҷасади онҳо то ин дам бенатиҷа будааст.

Адиба Эшонова, модари Билол ва Муҳаммадҷон Рӯзиевҳо, рӯзи 20-уми июл гуфт, он рӯз фарзандонаш дар канори дарё бозӣ мекарданд.

«Вақте писари хурдӣ ба об афтод, бародараш хост, ӯро наҷот диҳад, аммо ҳарду ғарқ шуданд. Ҳамин қадар мекобем, намеёбем,» – нақл кард ӯ.

Падари наврасон аз Русия баргаштааст ва ҳамроҳи сокинону намояндагони Идораи ҳолатҳои фавқулода ҷустуҷӯи фарзандонашро идома медиҳад. Волидон мегӯянд, онҳо дарёро то минтақаи Кӯлоб ҷустуҷӯ карданд, аммо натавонистанд, аз ҳарду ному нишоне пайдо кунанд.

Ғарқ шудани ду бародари хурдсол дар Дарвоз дар ҳолест, ки ҳафтае пеш хонаводае дар шаҳри Душанбе пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд тавонистанд, ҷасади ду духтари хурдсолашонро аз об ёфтанд. Падари онҳо аз ҳукумат хоста буд, чанд соат оби обанбори канори Боғи Айнии пойтахтро хушк кунанд.

Мақомот як сабаби ғақршавии кӯдаконро дар обу рӯдхонаҳои кишвар «беназоратӣ ба беэҳтиётии волидон» меноманд.

Мардум мегӯянд, маҳалҳои хатарнок дар назди кӯлу дарёву обанборҳо нишонагузорӣ нашудааст ва на ҳама имкону шароити оббозӣ дар ҷойҳои бехатарро доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button