Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Тоҷикистон нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгоградро эълон карданд

Масъулини «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон хабар додаанд, ки нархи чиптаи қатора аз Душанбе то Волгогради Русия то 1,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ахиран Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳо дар минтақаи Хатлон зимни нишасти матбуотӣ дар бораи нархи эҳтимолии роҳкирои қаторҳои хатсайри Душанбе — Волгоград хабар дод.

Ба гуфтаи ин мансабдори тоҷик, фурӯши чиптаҳо рӯзҳои наздик оғоз мешавад ва мувофиқи ҳисоби пешакӣ, нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Волгоград 1400-1500 пешбинӣ шудааст.

“Агар чипта пештар аз як моҳ харидорӣ шавад, то 200-300 сомонӣ арзон мешавад”- гуфт ин масъули роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки кушодашавии хатсайрҳои дигари қаторҳои мусофирбарӣ низ дар назар аст, аммо ӯ дар бораи хатсайрҳои нав чизи мушаххасе нагуфт.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button