Дин ва боварҳоМинтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боздошти як зан барои баҳси ҳиҷоб 

Дар Теҳрон як занро барои баҳс дар бораи пӯшидани ҳиҷоб дар дохили автобус, ки навораш ба Интернет роҳ ёфт, дастгир кардаанд.

Ин зан Сапеда Рашно, нависанда ва ҳунарманди 28-сола, муаррифӣ мешавад.

Дар видео ӯ бе ҳиҷоби ҳатмӣ тасвир ёфтааст ва зане таҳдид мекунад, ки наворро ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хоҳад фиристод.

Ораш Содиқӣ, як фаъоли шаҳрвандӣ ва маҳбуси собиқи сиёсӣ, рӯзи 18-уми июл дар Твиттер хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, хонум Рашно ду рӯз пеш боздошт шуд.

Хабаргузории “Форс”, вобаста ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, низ навиштааст, як зане, ки алайҳи ҳиҷоби ҳатмӣ эътироз мекард, боздошт шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button