Хабарҳо

Дар Шаҳринав як тӯда рамаи гусфандон аз гург гурехта аз баланди афтода ҳалок шудаанд(Видео)

Дар Шаҳринав як тӯда рамаи гусфандон аз баланди афтода ҳалок шудаанд. Ба гуфти шоҳидон вақте ки шабона гургон ба гӯсфандон ҳамла мекунанд, гӯсфандон ба умеди халоси ёфтан аз чанголӣ гургон худро аз баланди ба поён мепартяонд, ки дар натиҷа ҳамаашон ҳалок мешаванд.

Садҳо сар чорво дар Темурдараи Қаратоғ бар асари сарозер шудан аз болои кӯҳ талаф шудаанд. Ба гуфтаи чӯпонҳо, ҳодиса рӯзи ҷумъаи 16-уми июл рух додааст, бар асари раҳгумзадагӣ, рама, аз болои кӯҳ ба поин афтодааст.

Чупонҳо шумораи рамаро 1000 сар гуфтанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 400 сари он талаф шуда, 40 сар ҳам забҳ шудааст ва боқимондаро ба соҳибонашон расонидаанд. Ба гуфтаи чӯпонҳо, ин чорвоҳо ба мардуми дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав тааллуқ доштааст.

https://www.instagram.com/p/CgI8Qi6DZdYeprowIFO_r75_UDzryrFcoLkMpA0/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button