Хабарҳо

АКСИ РӮЗ: ИН РОНАНДАРО ҶАРИМА БАСТАНД, ВАЛЕ КАЙ ПАРВО ДОРАД?

АКСИ РӮЗ: ИН РОНАНДАРО ҶАРИМА БАСТАНД, ВАЛЕ КАЙ ПАРВО ДОРАД?

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе хабар дод, ки дар асоси муроҷиат ва аксҳои ирсол намудаи шаҳрвандон нисбати як қатор ронандагони воситаҳои нақлиёт барои таваққуфи нодуруст ва банд намудани роҳу эҷоди монеа ба ҳаракати шаҳрвандону воситаҳои нақлиёт “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешидаанд. Ин ниҳод бо нашри акси 13 ронанда хабар дод, ки нисбат ба ронандагони мазкур аз ҷониби кормандони ШБДА Душанбе дар асоси моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Милитсияи пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки аксари ронандагон ҳангоми адои намози ҷумъа автомашинаи худро дар ҷойи номуқарраргардида, махсусан дар байни роҳ бе назорат гузошта, ба тамбашавии роҳ ва монеагӣ ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ боис шудаанд”. Тавре аз аксҳои нашршуда бармеояд, аксари ронандагони ҷазододашуда дар зери пой мошинҳои гаронбаҳои “Лексус”, “Мерседес” ва “Тойота” дошта, рақамҳояшон низ, ба қавли маъруф, “крутой” буд. Аз ҷумла 1000DS01; 1000PJ01; 0102XQ01; 7600HA01; 7007FE01; 7000ВК01; ва ғ.

Вале дар байни аксҳои нашршуда таваҷҷуҳи ҳамаро ба вижа акси Акбаров Шавқат – ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”, рақамҳои қайди давлатиаш 0091VV01 ба худ ҷалб кард. Шавкат Акбаров бо вуҷуди тоза протокол шуданаш, хушбинӣ ва нигоҳи мусбаташ ба зиндагиро гум накардааст ва дар акс хеле хушу розӣ тасвир шудааст, на мисли касе, ки аз кори кардааш пушаймон ваё аз ҷаримае, ки бояд бисупорад, ғамгин шуда бошад.

Ҳамеша чунин хушбин бошед!

Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button