Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин Қонун дар бораи тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи нафақаро имзо кард

Қонун дар бораи таъмини нафақа байни ду кишвар дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шудааст, ки иддае аз муҳоҷиронро ҳуқуқ медиҳад, нафақ гиранд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Қонун дар бораи тасвиби созишномаи миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи нафақаро имзо кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Созишнома ба шахсоне дахл дорад, ки худ ва аъзои хонаводаи онҳо шаҳрванди Русияву Тоҷикистон ҳастанд.

Инчунин зикр мегардад, ки предмети созишнома тамоми намуди нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои ҷамъшаванда ва дигар пардохтҳо аз пасандозҳои нафақавӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои дафнро дар бар мегирад.

«Дар сурати кӯчидан ба ҷои истиқомати доимии шахси суғурташуда дар кишвари сеюм, пардохти нафақаи таъиншуда аз рӯи интихоби ӯ аз ҷониби тарафҳои шартномавие, ки онро таъин кардааст, идома дода мешавад», — қайд мекунанд муаллифон.

Созишнома 15 сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд. Дар маводҳои тавзеҳдиҳии ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки дар Русия ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа суғуртаи пиронсолиӣ арзиши коэффисенти нафақаи индивидуалӣ барои давраҳои коре, ки дар Русия ва ҶФСРШ гирифта шудааст, муайян карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button