ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Чаро аҳолии Тоҷикистон меафзояд: 5 омил

Вазири адлия гуфт, ки сабаби зиёд шудани давомнокии умр дар мамлакат дар чист: ба наздикӣ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ чанд баробар меафзояд

ДУШАНБЕ, 16 июл — То охири соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад. Дар ин бора Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотие изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2022 мизони таваллуд дар кишвар 6% афзоиш ёфтааст. Шумораи навзодон дар давраи зикршуда аз 111 дазор нафар гузашт.

«Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 ба 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар афзуда, то охири соли 2022 ба 10 миллион нафар мерасад», — таъкид кард раҳбари Вазорати адлия.

Вай гуфт, ки дар 6 моҳи ахир дар кишвар 16,3 ҳазор нафар фавтидаанд, ки нисбат ба моҳи январ то июни соли 2021 5% камтар аст.

Илова бар ин, Музаффари Ашӯриён гуфт, ки сабаби боло рафтани давомнокии умр дар Тоҷикистон чист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button