Хабарҳо

ЯК ҶАВОНИ ШАҲРИТӮСӢ АЗ ХИТОЙ АРӮС ОВАРДААСТ

Муҳаммадҷон Қарабоев, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми таҳсилаш дар Хитой, ба як духтари хитоӣ бо номи Китика дил баста, ӯро бо худ ба Шаҳритӯс овардааст. Китика дар Тоҷикистон дини Исломро пазируфта, номашро ба Хадиҷа иваз кардааст. Қиссаи издивоҷи ҷавони шаҳритӯсӣ бо духтари хитоиро нашрияи “Хатлон” нашр кардааст.

Муҳаммадҷон мегӯяд, аввал мехостанд ба арӯси ӯ Оиша ном гузоранд, чунки ҳамсари хурдии Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) Оиша ном дошт, вале падари Муҳаммадҷон ба ин далел, ки ҳазрати Паёмбар танҳо аз ҳамсари авввалаш Хадиҷа соҳиби фарзанд шуда буд, келини хитоияшро Хадиҷа ном гузоштааст.

Муҳаммадҷон Қарабоев соли 2019 мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Шаҳритусро хатм карда, як муддат дар Душанбе забони хитоиро омӯхта, сипас барои таҳсил ба Хитой рафтааст.

Муҳаммадҷон мегӯяд, он қадар ошиқи ин духтар шуда буд, ки баъди бозгашташ аз Хитой ҳам мукотибаро бо ӯ идома дод ва дар ниҳоят ба ӯ пешниҳоди издивоҷ кард.

“Ман то андозаи ошиқи он духтар гашта будам, ки дигар ба миллату дину фарҳангаш диққат намедодам. Боварӣ доштам, ки бо оиладоршавӣ ӯро ба сӯйи худ мекашам ва аз ҷумлаи мо мешавад, — нақл мекунад Муҳаммадҷон. – Cипас, ӯро ба издивоҷ даъват кардам. Аввалан, дар ҳайрат монд ва пасон гуфт, ки бо падару модараш суҳбат мекунад. Ман низ бо волидонам суҳбат карда, дар бораи Китика (номи аслии духтари чинӣ) маълумот додам. Онҳо низ дар ҳайрат буданд, аммо ман онҳоро мутақоид карда тавонистам. Масалан, бо оне, ки ӯ дини Исломро қабул мекунад. Либоси миллии моро ба бар карда, бо фарҳангу маданияти мо зиндагӣ менамояд. Ин гуфтаҳоям барояшон писанд омад, вале бовар намекарданд…”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button