АфғонистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Авҷи бемории вабо дар Афғонистон: дар ду рӯз 120 бемор

Маризии вабо дар қисмати ҷанубии Афғонистон авҷ гирифтааст ва ҳукумат аз сабти 120 ҳолати нави сироятёбӣ давоми ду рӯзи ахир хабар дод

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Мақомоти вилояти Ҳилманди Афғонистон аз 120 ҳолати нави беморшавӣ ба вабо дар ду рӯзи ахир хабар доданд.

Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба TOLO News иттилоъ дод.

Ҳамаи ҳолатҳои гирифторӣ ба вабо то кунун дар вулусволии Багром ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи хабарҳо аллакай чандин бемор ҷон аз даст доданд ва миёни онҳо кӯдакон низ буданд. Вале Вазорати беҳдошти Афғонистон расман фавт аз бемории ваборо тасдиқ ва рад накардааст.

Вабо як бемории шадиди сироятӣ мебошад, ки организми инсонро аз об хушк ммекунад. Давраи инкубатсионии беморӣ аз якчанд соат то панҷ рӯзро дарбар мегирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button