Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Туркия НАТО-ро тарк мекунад?

Яке аз ҳизбҳои Туркия қасд дорад, ба ҳукумати кишвар пешниҳод намояд, ки аз узвият дар НАТО даст кашад ва ин созмонро фавран тарк кунад

ДУШАНБЕ, 11 июл —  Ҳизби туркии «Vatan» ба ҳукумат пешниҳод намудааст, ки аз узвият дар созмони НАТО даст кашад.

Ин ҳизб дар чаҳорчӯби як маъракаи густурда барои хуруҷ аз НАТО дар саросари кишвар, ҳазорҳо имзо аз шаҳрҳои бузург ва садҳо вилояту навоҳӣ ҷамъ овардааст. Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба рӯзномаи Aydınlık хабар медиҳад.

«Мардуми Туркия бар зидди НАТО исён мекунад! Даъватҳои мо дар як муддати кӯтоҳ мисли шамол дар беш аз 100 вилояту навоҳӣ пароканда шуданд, ҳазорон имзо ҷамъоварӣ карданд ва аз ҷониби шаҳрвандони мо дастгирӣ ёфт», — навиштааст рӯзнома аз қавли дабири кулли ҳизб Озгур Бурсалӣ.

Қаблан Дору Перинчек низ пешниҳод намуд. ки Туркия бояд аз НАТО хориҷ шавад. Ба таъкиди ӯ, сиёсати зидди ин паймон барои ояндаи иқтисодии кишвар муҳим аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button