ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

100 доллар — маоши миёна дар Қубодиён

Вазири меҳнати Тоҷикистон қайд кардааст, ки ба ҳолати 1 майи соли равон музди миёнаи меҳнат дар ноҳияи Қубодиён 1064,7 сомониро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар ин бора ахиран Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни сафари худ ба ноҳияи Қубодиён дар як маҷлисе бахшида натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2022 хабар додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ.

Тибқи иттилои манбаъ вазири меҳнат зимни суханронӣ қайд намудааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ ин андозаи музди миёнаи меҳнат ва баробар намудани он ба сабади истеъмолӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар иртибот ба ин, ба ҳолати 1 майи соли равон музди миёнаи меҳнат дар ноҳияи Қубодиён 1064,7 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 фоиз зиёд шудааст”, — таъкид доштааст Ширин Амонзода.

Таъкид гардид, ки дар ин давра барои иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳури кишвар дар бораи вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили рӯёнидашуда ва захираи маводи ғизоӣ гурӯҳҳои корӣ сафарбар гардида, бо сокинони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button