Хабарҳо

МУҶОЗОТИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАРОИ ХУДНАМОИИ МУСОФИРОНАШ ДАР РӮЗИ ТӮЙ АКС

МУҶОЗОТИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАРОИ ХУДНАМОИИ МУСОФИРОНАШ ДАР РӮЗИ ТӮЙ

РВКД Душанбе рӯзи 8 июни соли 2022 хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиш ва баррасии навори ирсолнамудаи шаҳрвандон ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 77 78 АК 08, Мирзоев Муҳаммадхӯҷа Муҳаммадризохӯҷаевич, санаи таваллудаш 20.02.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.

“Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки Мирзоев Муҳаммадхӯҷа ҳангоми иштирок дар маросими тӯйи домодӣ дидаву дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба мусофирони худ иҷозат додаст, ки сарҳои худро аз тирезаҳои автомашина ба берун бароварда, бо овози баланд дағалона рафтор кунанд. Ҳамзамон номбурдагон бо ин амали худ ҳолати хатарноку садамавиро низ ба вуҷуд овардаанд”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Мирзоев Муҳаммадхӯҷа тибқи талаботи моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин накардани бехатарии ҳаракат протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи муқаррароти моддаи мазкур чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шудааст.

Ҳамзамон бо 3 ҷавоне, ки ҳангоми ҳаракат ҷони худро дар хатар гузоштаанд, суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button