Хабарҳо

Ҳалокати ронанда ва ду мусофир дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

5-уми июни соли 2022, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Ғафуров Диловар, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати деҳоти Зираки, ба самти маркази шаҳри Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлёташ набаромада ба қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Носиров Ибни-Сино Шарипович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри мазкур бархурда баъди он ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, таҳти идораи Маҷидов Мадали Тағаевич, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Кӯлоб бармехурад.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Асроров Намозхуҷа Сайдаҳмадович, соли таваллудаш 1952, ба саломатиаш ҷароҳатҳои ҷисмони бардоштааст ва Шукронаи Баҳодурхон, соли таваллудаш 2000, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
5-уми июни соли 2022, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», Шарифов Ҳамадони Салимович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Сино ба самти кӯчаи Сомонӣ ба муқобили самти ҳаракат баромада ба автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Автобус Акиа», таҳти идораи ронанда Саидов Аюбҷон Сафаралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини пойтахт, ки ба хатсайри №18-ум ҳаракат мекард, бармехурад, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», Шарифов Х.С. ва мусофири дохили он Раҷабов Хуршед, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта дар ҷойи ходиса ба ҳалокат мерасанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button